Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавофуқи ду Корея бар сари хонаводаҳои ҷудошуда


Ҳарду Кореяи шимоливу ҷанубӣ розӣ шудаанд, ки барномаи ҳамоиши хонаводаҳои дар солҳои ҷанги солҳои 1950-1953 ҷудошударо аз сар бигиранд. Иҷрои ин барнома ду сол пеш ба далели танишҳои марзӣ муттаваққиф шуда буд. Мақомоти Салиби Сурхи ҳарду ҷониб мегӯянд, маъракаи шашрӯзаи ҳамоиши хонаводаҳои бар асари ҷанг ҷудошуда рӯзи 26 сентябр шурӯъ шуда, ҳудуди 200 оиларо дарбар хоҳад гирифт.
Ин тавофуқ дар поёни музокироти серӯзаи ду кишвар дар осоишгоҳи Кумганги Кореяи шимолӣ ба даст омад ва ҳам тавофуқ шуда, ки аъзои он хонаводаҳои ҷудошуда дар ҳамин минтақа ба дидори ҳам бирасанд.
Ба дунболи як силсила иқдомоти иғвоангезе, чун озмоишҳои ҳастаиву мушакӣ, ки таҳримоти наверо ба ин режими коммунистӣ эъмол кард, Кореяи шимолӣ акнун тайи ҳафтаҳои охир як силсила гузаштҳо нишон медиҳад.
XS
SM
MD
LG