Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Бағдод ба расми видоъ бо ал-Ҳаким


Рӯзи ҷумъа дар Бағдод маросими видоъ бо яке аз рӯҳониёни пурнуфузи шиъаҳои ироқӣ Абдулазиз ал-Ҳаким баргузор мешавад. Ал-Ҳаким рӯзи чоршанбе бар асари саратони шуш дар Теҳрон даргузашт. Дар пешорӯи аз Теҳрон ба Бағдод расидани ҷанозаи ӯ тадобири амниятӣ дар пойтахти Ироқ тақвият дода шудааст. Ҷанозаи ал-Ҳаким дар шаҳри муқаддаси Наҷаф дар ҷануби Ироқ ба хок супурда мешавад ва дар роҳ ба сӯи Наҷаф баргузории маросими видоъ бо ӯ дар чанд шаҳри дигари Ироқ низ дар назар будааст. Рӯзи панҷшанбе дар расми видоъ бо раҳбари Шӯрои олии исломии Ироқ дар Теҳрон ҳазорон эронӣ, аз ҷумла вазири хориҷаи Эрон ширкат карданд. Абдулазиз ал-Ҳаким ҳудуди 20 солро дар ғурбат дар Эрон ба сар бурда, раҳбарии Шӯрои олии исломӣ, бузургтарин ташаккули сиёсии шиъаҳои Ироқро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG