Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Душанбе ва Риёз дар мавриди муҳоҷират


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи панҷшанбе бо Арабистони Саудӣ дар мавриди ирсоли муҳоҷиронӣ ба ин кишвар санади ҳусни тафоҳум имзо карданд.

Ин созишнома аз тарафи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Кумиссиюни қабули муҳоҷирони кории Арабистони Саудӣ дар шаҳри Риёз имзо шудааст.

Барои баррасӣ ва имзои созишнома як ҳайати расмӣ аз Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сарҳанг Сафиаллоҳ Девонаев ду рӯзи охир дар Арабистони Саудӣ ба сар мебурд.

Яке аз масъалаҳои баҳсталаби тарафҳо интихоби риштаҳое буд, ки муҳоҷирони тоҷик ба кор дар онҳо ҷалб хоҳанд шуд. Мақомоти Саудия ба гуфтаи Боймуҳаммад Раҷабов, мудири шӯъбаи муҳоҷирати беруна дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, хостори ҷалби занони тоҷик барои кор ба ҳайси пешхидмат ва доя дар манзили афроди сарватманд буданд.

Аммо тарафи Тоҷикистон ин пешниҳодро ба шарте қабул кардан мехост, ки ин занон ҳамроҳ бо шавҳарҳояшон ҳаққи иқомат ва корро дар Саудия пайдо кунанд. Гуфта мешуд, дар ҷараёни сафари ҳайати расмии Тоҷикистон масъала ҳалли худро пайдо мекунад. Ҳанӯз мушаххас нест, дар созишномаи нав ин масъала чӣ гуна ҳал гаштааст.

Тоҷикистон, ки дорои нерӯи кории зиёд, вале қодир ба таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ нест, талош дорад, то ба ғайр аз Русия кишварҳои муҳоҷирпазири дигар пайдо намояд. Бино ба омори мухталиф, ҳамасола аз Тоҷикистон як миллион нафар барои пайдо кардани кор ба Русия муҳоҷират мекунанд.

Ҳамчунин бино ба ҳамин омор, беш аз нисфи 7 миллион ҷамъияти Тоҷикистон дар зери хатти фақр ба сар мебарад ва сеяки аҳолии қобили кори ин кишвар ба хотири пайдо кардани ҷойи кори муносиб ва маоши шоиста ҳар сол худро ба хориҷ ва умдатан ба бозори кори Русия ва Қазоқистон мезанад.
XS
SM
MD
LG