Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи ду рӯзи сабқати ҷаҳонии дзюдо


Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии дзюдо байни мардону занон дар шаҳри Роттердами Ҳуланд бо ширкати 540 варзишгари 99 кишвари 5 қораи ҷаҳон ҷараён дорад.

Дар ду рӯзи аввали мусобиқаи мардон аз 6 паҳлавони тоҷик 2 нафар сабқатро бо нокомӣ ба анҷом расонданд.

Ҷамшед Халилов дар вазни то 60 кг бар асоси қуръакашӣ бидуни рақобат ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале дар даври дуввум аз рақибаш Хованнес Довтян, аз Арманистон, мағлуб гашт. Дар ин вазн Георгий Зантарая (Укроин) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Ҳираки Ҳирадка (Ҷопон) бо медали нуқра сарфароз гашт. Хованнес Довтяни арманӣ ва Элио Вердеи итолиёвӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов дар вазни то 73 кг дар даври аввал бар гуштигири Алҷазоир Эларбӣ Грини пирӯз шуда, дар даври баъдӣ аз намояндаи Маҷористон Аттила Унгвари шикаст хӯрд. Дар ин вазн Ки Чун Ванг (Кореяи Ҷанубӣ) мақоми аввалро касб кард. Чол Су Ким (Кореяи Шимолӣ) дуввум шуд. Мансур Исоев (Русия) ва Дирк Ван Тичелт (Белгия) дар ҷойҳои севум қарор гирифтанд.

Дар вазни то 66 кг паҳлавони Муғулистон Тсагаанбаатар Ҳашбаатар ғолиб шуд. Сугои Уриарте (Испониё) ҷои дуввумро касб намуд. Миклос Унгвари (Маҷористон) ва Ҷионг-Ҳванг Ан (Кореяи Ҷанубӣ) ҷойҳои севумро азони худ карданд. Дар ин вазн Тоҷикистон намоянда надошт.

Паҳлавонони дигари тоҷик сабқатро аз даври дуввум шурӯъ мекунанд. Шералӣ Бозоров (вазни то 81 кг) бо ғолиби ҷуфти Виктор Ахиавар (Гана) – Шавкат Муминов (Узбакистон) қувва меозмояд. Парвиз Собиров (то 90 кг) ё бо Николас Бриссони фаронсавӣ ё бо Майкл Пински олмонӣ рақобат хоҳад кард. Рақиби Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (то 100 кг) паҳлавони Босния Амел Мекич ва рақиби Шавкат Иқболов (+100 кг) намояндаи Аргентина Густаво Гатарио мебошанд.

Пас аз натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа байни мардону занон ҳамагӣ гуштигирони 16 кишвар соҳиби медалҳо шудаанд. Мунтахаби Ҷопон бо касби 2 медали тилло ва 1- нуқра дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои аввал аст. Кореяи Ҷанубӣ бо 1 медали тилло ва 2 - биринҷӣ дар ҷои дуввум ва Фаронса бо 1 медали тилло ва 1- биринҷӣ дар ҷои севум қарор доранд. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Укроин 1 медали тилло, Арманистон, Озарбойҷон ва Русия ҳар кадом 1 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон то 30-юми август идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG