Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз таҳдид ба мардуми Афғонистон


Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, ба ҷони мардуми мулкӣ дар Афғонистон назар ба ҳашт пеш, ки Толибон аз миён бардошта шуданд, хатари бештар таҳдид мекунад. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ бо зикри бобмгузориҳои рӯзи сешанбеи Қандаҳор, ки 43 нафарро кушт ва ҳамчунин ҳамлаи дирӯза ба бемористони Пактико гуфтааст, гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, аз ҷумла ҷангҷӯёни Толиб пайваста нафрати худ ба мардуми мулкиро нишон додаанд. Сам Зарифӣ - раҳбари бахши Осиё ва Уқёнусия дар созмони Авфи Байналмилал гуфтааст, “гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, ба шумули Толибон бо ҳадаф гирифтани афғононе, ки мехоҳанд ояндаи худро аз роҳи раъйдиҳӣ на силоҳ бисозанд, пайваста нафрати худро ба онҳо нишон додаанд.” Харобкориву ҳамлаҳои ҷангҷӯёни Толиб дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар рӯзи 20 август авҷи аълои худ расид.
XS
SM
MD
LG