Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маросими видоъ бо Абдулазиз Ал-Ҳаким


Қарор аст, имрӯз маросими видоъ бо Абдулазиз Ал- Ҳаким яке аз рӯҳониёни бонуфузи шиъамазҳаби Ироқ баргузор шавад. Ҷанозаи Ал Ҳаким, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон даргузашт, барои дафн ба шаҳри муқаддаси Наҷаф меоранд. Маросими видоъ бо ӯ аз шаҳри Бағдод шурӯъ шуда ва дар вилоятҳои ҷанубии Ироқ идома мекунад. Рӯзи панҷшанбе ҳазорон нафар дар шаҳри Теҳрон барои видоъ бо Абдул Азиз Ал-Ҳаким ҷамъ омаданд, ки дар он маросим вазири умури хориҷаи Эрон ҳам ҳузур дошт. Ал-Ҳаким, ки 20 сол дар Эрон ба сар бурдааст, раҳбари Шӯрои Олии Исломии Ироқ бузургтарин Ҳизби шиъамазҳабон дар ин кишвар буд.
XS
SM
MD
LG