Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бист марзбони Покистонро куштаанд


Мақомоти Покистон мегӯянд, бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ ба як посгоҳ дар марзи Афғонистон дасти кам 20 сарҳадбони покистонӣ кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, бомбгузори маргталаб ба гурӯҳи сарҳадбонон, ки барои ифтор ҷамъ мешуданд, наздик омада ва абзори таркандаи худро ба ҳаракат даровардааст. Ин ҳамла дар посгоҳи Турхам воқеъ дар гузаргоҳи Хайбар, як маҳалли аслии интиқоли лавозимот ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон сурат гирифтааст. Пештар аз ин ҳодиса дар субҳи панҷшанбе, бар асари ҳамлаи мушакии як ҳавопаймои бидуни сарнишин, ба паноҳгоҳи ҷангҷӯён дар Вазиристони ҷанубӣ шаш тани онҳо кушта шудаанд. Ин ҳавопайморо мутаалиқи нерӯҳои амрикоӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG