Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созишномаи муҳоҷират бо Саудия имзо шуд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи панҷшанбе бо мақомоти Арабистони Саудӣ дар мавриди ирсоли муҳоҷиронӣ ба ин кишвар санади ҳусни тафоҳум имзо карданд. Ин созишнома аз тарафи вазорати умури дохила ва Кумиссиёни қабули муҳоҷирони кории Арабистони Саудӣ дар шаҳри Риёз имзо шудааст. Тоҷикистон, ки дорои нерӯи кории зиёд, вале қодир ба таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ нест, талош дорад, то ба ғайр аз Русия кишварҳои муҳоҷирпазири дигар пайдо намояд. Бино ба омори мухталиф, ҳамасола аз Тоҷикистон як миллион нафар барои пайдо кардани кор ба Русия муҳоҷират мекунанд.
XS
SM
MD
LG