Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Ангела Меркел ба ҳукумати Эрон


Ангела Меркел – садри аъзами Олмон мегӯяд, агар Эрон то моҳи сентябр тамоюли худ барои аз сар гирифтани музокирот дар бораи барномаҳои атомиашро нишон надиҳад, ба таҳримоти тозае рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Хонум Меркел дар нишасти хабарии муштарак бо Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил гуфт, агар то моҳи сентябр посухи мусбати Эронро дарёфт накунанд, ба баррасии иқдомоти дигаре шурӯъ хоҳанд кард. Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико низ аз Эрон хостааст, то моҳи сентябр ба даъватҳо барои музокирот пиромуни барномаҳои атомиаш посух бигӯяд. Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил дар он нишасти хабарӣ хостори "таҳримҳои фалаҷкунанда" ба зидди Эрон шуд, то ин кишвар маҷбур ба муттавақиф кардани барномаҳои атомиаш шавад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, таҳти пӯшиши барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ бомби атомӣ бисозад, иддаъое, ки ҳукумати Эрон рад мекунад.
XS
SM
MD
LG