Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфу забти ҳероини зиёд дар Тоҷикистон


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ахиран дар шимоли ин кишвар миқдори азими ҳероинро кашфу забт кардааст. Хабаргузории давлатии “Ховар” аз қавли ин вазорат навиштааст, бештар аз 120 кило ҳероин, ки дар бозор бештар аз 1 миллион доллар арзиш дорад, дар ноҳияи Спитамен аз як нуктаи фурӯши бензин кашф шудааст. Ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи ин миқдори зиёди ҳероин як сокини 27 солаи ноҳияи Варзобро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG