Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи дабири кулли НАТО дар Туркия


Дабири кулли нави Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ мегӯяд, “ба эҳсосоти мазҳабии мардум бисёр эҳтиром мегузорад” ва дини Исломро яке аз мазоҳиби бузургтарини ҷаҳон мешуморад. Андерс Фог Расмуссен дар ин бора дар Туркия сухан гуфт, ки ягона кишвари мусулмоннишини узви НАТО мебошад. Андерс Фог Рассмуссен танҳо баъди он ба дабири кулли НАТО интихоб шуд, ки Туркия мухолифаташ ба номзадии ӯро поён дод. Туркия аз он хотир ба номзадии Фог Расмуссен ба мақоми дабири кулли мухолифат мекард, ки вай дар замони нахуствазири Дания буданаш барои нашри карикатураҳои паёмбари Ислом Муҳаммад дар як рӯзномаи ин кишвар аз ҷомеаҳои ба хашм омадаи мусулмонӣ узр нахост.
XS
SM
MD
LG