Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши бесобиқаи қимати газ дар бозорҳо


Баъди гузориши ҳукумати Амрико доир ба пур шудани анбори захираҳои газ дар ин кишвар қимати гази табиӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба ҳадде поён рафт, ки тайи ҳафт соли гузашта мушоҳида нашудааст. Як омили дигари коҳиши қимати газ, кам шудани тақозои корхонаҳои санъатӣ ба ин навъи сӯзишворӣ будааст, ки дар ин айёми бӯҳронии иқтисод, тавлидотро кам кардаанд. Рӯзи панҷшанбе ҳар ҳазор метри мукааб гази табииро бо қимати 2,84 доллар мефурӯхтанд, ки назар ба рӯзҳои гузашта қариб 7 сент камтар аст. Аммо айни ҳол қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ баъди ду рӯзи коҳиш рӯзи панҷшанбе дигарбора боло рафт ва барои ҳар бушка тақрибан 72,5 долларро ташкил дод.
XS
SM
MD
LG