Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба сафари Далай-лама ба Тайван мухолиф аст


Пекин алайҳи сафари қарибулвуқӯъи раҳбари буддоиҳои Тибет Далай-лама ба Тайван шадидан эътироз кард. Раисиҷумҳури Тайван Ма Интсзю чанд рӯз пеш пешниҳоди мухолифин барои даъвати Далай-лама ба хотири баргузории маросимҳои мазҳабӣ дар манотиқи аз туфони Моракот осебдидаро пазируфта буд.
Замони раёсати раҳбари пешини Тайван Чен Шуйбяне Далай-лама чандин бор аз ин минтақа, ки онро Чин қаламрави худ мехонад, дидан карда буд. Мақомоти феълии Тайван талош доранд, ки равобитро бо Пекин беҳтар кунанд.
XS
SM
MD
LG