Пайвандҳои дастрасӣ

Додхоҳии ҷавонтарин маҳбуси Гуантанамо


Як ҷавони афғон, ки ин ҳафта аз маҳбаси Гуантанамо раҳо шуд, ҳукумати Амрикоро ба додгоҳ кашиданист. Ба гуфтаи вакили дифоъ, Муҳаммад Ҷавод талош дорад то бадрафтории муҳофизони маҳбас нисбати ӯ ҷуброн шавад. Муҳаммад Ҷавод соли 2002 баъди он боздошт шуд, ки ба мошини сарбозони амрикоӣ норинҷак андохт ва бар асари ин ду нафари онҳо маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи пайвандони Муҳаммад, он замон ӯ ҳамагӣ 12 сол дошт.
XS
SM
MD
LG