Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Ангела Меркел ба Теҳрон


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аз Исроил даъват кард, ки ба хотири эҳёи музокироти сулҳи Ховари Миёна аз идомаи бунёди маҳаллаҳои яҳудинишин дар сарзамини ишғолӣ даст бардорад. Хонум Меркел мавзӯъи эҳёи музокироти сулҳро имрӯз дар Берлин бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу баррасӣ кард. Ҷонибҳо сари қазияи барномаи ҳастаии Эрон ҳам гуфтугӯ карданд. Ба гуфтаи Ангела Меркел, дар сурати сарпечии Теҳрон аз идомаи музокирот бо кишварҳои ғарбӣ дар робита ба қазияи барномаи ҳастаӣ алайҳи Эрон таҳримҳои шадидтари иқтисодӣ ҷорӣ хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG