Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи бошукӯҳи ширкати қатарӣ дар Душанбе


Ширкати қатарии «Диёр» барои сохтмони муҷтамаи "Диёр" дар Душанбе 180 милион доллари амрикои ихтисос додааст.

Раиси ин ширкат Ғаним бин Саъд ал-Саъд дар маросими муарифии лоиҳа дар ин бора гуфт: «Ҳаҷми сармоягузорӣ дар ин лоиҳа 180 милион долларро дар бар мегирад, вале мо умед дорем, ки дар оянда ин ҳаҷмро боз густариш бидиҳем ва дар дигар самтҳо низ ҳамкорӣ кунем.»

Муҷтамаи нав дар масоҳати 68 000 метри мураббаъ дар рӯбарӯи кӯли "Ҷавонон" дар кӯчаи ба номи Низомии Ганҷавӣ сохта хоҳад шуд.

Фарух Ҳамралиев, раиси Кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон дар бораи барномаҳои ояндаи Диёри Душанбе гуфт, дар ин минтақа сохтмони хонаҳои истиқоматии бошукӯҳ, марказҳои соҳибкорӣ, фурӯшгоҳҳо, меҳмонхонаи панҷситорагӣ, боғу осоишгоҳҳоро ба нақша гирифтааст.

Ширкати қатарии "Диёр" дар беш аз 35 кишвар сармоягузорӣ мекунад ва ҳаҷми сармоягузории ин ширкат беш аз 60 миллиард доллар будааст.

Ин ширкат дар ояндаи ният дорад ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон густариш диҳад ва ҳаҷми сармоягузории худро дар ин кишвар ба маротиб боло барад.

Бо чунин тарҳи васеъ ва бунёди "Боғи об" (Аква-парк) дар гузашта як ширкати туркӣ ризоияти мақомоти Тоҷикистонро ба даст оварда буд, аммо пас аз як муддат корҳои омодагӣ, ин ширкат якҷо бо пули сармоягузорон нападид гашт ва то ҳанӯз намояндагони он дарёфт нашудаанд.

Чунин ширкатҳо бо эълони барномаҳои азим ва пурсарусадо пули сармоягузоронро гирдоварӣ мекунанд. Бо вуҷуди таҷрибаи талхи гузашта мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки дар симои "Диёр" коршарики муносиберо пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG