Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул Боқиев -- намояндаи Русия?


Расул Боқиев аз рост ҳангоми сабқат
Расул Боқиев аз рост ҳангоми сабқат

Мусобиқаи ҷаҳонии қаҳрамонии дзюдо дар шаҳри Роттердами Ҳуланд бо ширкати 540 варзишгар аз 99 кишвари 5 қораи ҷаҳон ҷараён дорад.

Шарафи Тоҷикистонро дар сабқати ҷаҳонӣ 6 паҳлавон – Ҷамшед Халилов (дар вазни то 60 кг), Фарҳод Раҳимов (то 73 кг), Шералӣ Бозоров (то 81 кг), Парвиз Собиров (то 90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (то 100 кг) ва Шавкат Иқболов (+100 кг) ҳимоя мекунанд.

Ҷамшед Халилов бар асоси қуръакашӣ бидуни рақобат ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале дар даври дуввум аз рақибаш Хованес Довтян, аз Арманистон, мағлуб гашт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов дар даври аввал бар гуштигири Алҷазоир Грини Эларбӣ пирӯз шуда, дар даври баъдӣ аз намояндаи Маҷористон Аттилау Унгвари шикаст хӯрд.

Паҳлавонони дигари тоҷик сабқатро аз даври дуввум шурӯъ мекунанд. Шералӣ Бозоров бо ғолиби ҷуфти Ахнавар (Гана) – Шавкат Муминов (Узбакистон) қувва меозмояд. Парвиз Собиров ё бо Бриссони фаронсавӣ ё бо Пински олмонӣ рақобат хоҳад кард. Рақиби Муҳаммадмурод Абдураҳмонов паҳлавони Босния Мекич ва рақиби Шавкат Иқболов намояндаи Аргентина Гаттарио мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар вазни то 73 кг Тоҷикистонро дар мусобиқоти байнулмилалӣ одатан паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии сабқати ҷаҳонӣ ва Бозиҳои олимпӣ, намояндагӣ мекард. Вале Расул Боқиев дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии ҷаҳон ширкат надорад. Чаро?

Ба ин суоли хабарнигори Радиои Озодӣ Расул Боқиев чунин посух дод: ««Аз Олимпиадаи Пекин як сол гузашт. Дар ин муддат ман аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар ягон дастгирӣ надидам. Нақшаи омодагии ман ба мусобиқоти байналмилаливу ҷаҳонӣ ва Олимпидаи соли 2012 тартиб дода нашуд. Маро аз рӯйхати варзишгароне, ки ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Корея ҷалб шуда буданд, хат заданд. Инчунин баъди Олимпиада аз стипендияи Кумитаи олимпӣ маҳрум шудам. Пас аз чунин муносибат ва беэътиноии раҳбарону масъулини соҳа нисбати ман ба хулосае омадам, ки ман ҳамчун варзишгар дигар барои Тоҷикистон даркор нестам. Бинобар ин ман маҷбурам, ки аз номи кишвари дигар дар мусобиқот иштирок кунам.

Ман аз соли 2004 дар клуби варзишии «Самбо-70»-и шаҳри Маскав таҳти раҳбарии устодам Владимир Елчанинов тамрин мекунам. Пас аз анҷоми Олимпиадаи Пекин маро боз ба ин клуб даъват карданд. Раҳбарони клуб мехоҳанд, ки ман аз номи ин клуб Русияро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ кунам. Агар ба ин таклифи онҳо розигӣ диҳам, ҳар моҳ ба ман 5 ҳазор доллар моҳона таъин мекунанд. Вале ман танҳо ин масъаларо ҳал карда наметавонам. Дар айни ҳол ин масъаларо раҳбарону устодонам баррасӣ доранд ва мураббиёнам то ҳалли он ба ман иҷозати дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карданро надоданд. Вале ман ба мухлисони худ, ба ҳамватанони худ гуфтаниам, дар куҷое ки бошам, ман аз номи миллати тоҷик гуштин мегирам ва кӯшиш мекунам обрӯи тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон баланд бардорам. Мақсади аслии ман дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 қаҳрамон шудан аст».


Мухлисони варзиш метавонанд сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодиро бо Расул Боқиев дар нашри тозаи маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» шоми панҷшанбеи 27-уми август ва субҳи ҷумъаи 28-уми август бишнаванд.
XS
SM
MD
LG