Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Диёр" дар Душанбе маҷмааи нав бунёд мекунад


Дар шаҳри Душанбе маросими гузоштани хишти аввали маҷмааи "Ал-Диёр" баргузор шуд. Барои бунёди ин маҷмаа, ки аз манозили истиқоматӣ, меҳмонсарои муосир, маркази бузурги тиҷоратӣ, боғи фароғатӣ иборат аст, ширкати "Ал-Диёр"-и Қатар 180 миллион доллар ихтисос додааст. Дар маросими гузоштани хишти аввал раиси ин ширкат Ғаним бини Саъд ал-Саъд ва раиси кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон Фарух Ҳамроҳалиев ширкат доштанд.
"Ал-Диёр Душанбе" дар масоҳати 68 ҳазор метри мураббаъ дар хиёбони Низомии Ганҷавӣ, дар рӯ ба рӯи кули Ҷавонони пойтахт, бунёд хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG