Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати чаҳор нафар аз зарбаи мушакӣ дар Вазиристон


Дар шимолу ғарби Покистон бар асари зарбаи мушакӣ дасти кам чаҳор нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи хадамоти кашфи Покистон, ин ҳамла аз сӯи ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ ба мавқеъи мусаллаҳони мухолифи ҳукумат дар минтақаи Вазиристони ҷанубӣ сурат гирифт. Хабар дода мешавад, ки чанд рӯз пеш бар асари ҳамин гуна зарба раҳбари толибони Покистон Байтулло Маҳсуд кушта шуда буд. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳамлаи ахир ҳадафи мушаххасе дошт ё на.
XS
SM
MD
LG