Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Михалков аз олам даргузашт


Сергей Михалков, яке аз шоирони маъруфи шӯравӣ, дар синни 97-солагӣ оламро падруд гуфт. Ба иттилоъи пайвандон, ӯ имрӯз дар яке аз бемористонҳои Маскав аз олам даргузашт. Сергей Михалков муаллифи суруди миллии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия ва садҳо шеъру қиссаву масал барои кудакон буд, Ӯ барои асарҳояш Ҷоизаи Ленин ва чаҳор бор Ҷоизаи давлатии СССР-ро соҳиб шудааст. Соли гузашта ҳукумати Русия ба шоир волотарин мукофоти давлатӣ - ордени Апостоли муқаддас Андрей Первозваннийро эҳто кард. Расонаҳои Русия менависанд, ҳамасола дар Русия то миллион нусха китобҳои Сергей Михалков нашр мешаванд. Шоир то лаҳзаи вопасин сармуҳаррири маҷаллаи синамоии “Фитил” буд.
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва сарвазир Владимир Путин ба хонаводаи шоир изҳори ҳамдардӣ карданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳри Русия, рӯзи видоъ бо шоир ва маросими дафни ӯ ҳанӯз маълум нест.
XS
SM
MD
LG