Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кеннедӣ канори бародаронаш ба хок супурда мешавад


Маросими дафни сенатор Эдвард Кеннедӣ рӯзи шанбе баргузор мешавад. Ба иттилоъи хонаводаи Кеннедӣ, сенатор дар оромгоҳии миллии Арлингтон (аёлати Вирҷиния), дар канори бародаронаш Ҷон ва Роберт манзили охират пайдо хоҳад кард. Қарор аст, ки дар маросими дафн раисиҷумҳури ИМА Барак Обама суханронӣ кунад.
Рӯзи ҷумъа маросими видоъ бо Эдвард Кеннедӣ дар Бостон, дар китобхонаи ба номи Ҷон Кеннедӣ, доир мешавад. Сенатор Кеннедӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфии сиёсии ИМА, рӯзи сешанбе бар асари маризии саратони мағз дар синии 77-солагӣ аз дунё даргузашт.
XS
SM
MD
LG