Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманаӣ: Далели ҳамкории мухолифин бо Ғарб мавҷуд нест


Раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ изҳор намуд, ки ягон далели ҳамкории раҳбарони мухолифин бо кишварҳои хориҷӣ дар робита ба намоишҳои эътирозии моҳи июн мавҷуд нест. Ин изҳороти Хоманаӣ аз тариқи телевизиони давлатии Эрон пахш шуд. Аз ин пеш мақомоти Эрон мегуфтанд, ки намоишҳои эътирозӣ баъд аз эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо ҳимояти ИМА ва Бритониё ва бо ҳадафи аз байн бурдани низоми исломӣ дар Эрон созмон дода шудааст.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ки аз пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пуштибонӣ карда буд, ҳамчунин гуфт, ки эътирозҳо муташаккил ва қаблан тарҳрезишуда буданд. Айни ҳол бозрасии парвандаи беш аз 100 чеҳраи шинохтаи сиёсиву ҷамоатии Эрон идома дорад, ки аз сӯи додгоҳ дар барангехтани нооромиҳо баъд аз интихобот муттаҳам мешаванд. Кишварҳои ғарбӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар аз ин мурофиаҳо интиқод кардаанд.
XS
SM
MD
LG