Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама Рамазонро табрик гуфт


Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама мусалмонони ҷаҳонро бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрик гуфт.

Обама дар табрикоти худ гуфтааст, Рамазон замони нисоркориву андешаронӣ аст, замонест, ки дар он мусалмонон вақти худро сарфи қироату шунидани оёти Қуръон мекунанд. Ин фарҳанг нишонаи он принсипҳои умумиест, ки ба ҳамаи мо хос асту даври Исломро дар пешбурди адолат, рушд, таҳаммул ва эҳтироми шарафи инсонӣ инъикос мекунад.

Барак Обама доштани рӯзаро василае барои наздик кардани инсонҳо ба Худовандашон ва барои эҳсоси вазъи онҳое, ки наметавонанд нони фардояшонро мутмаинан пайдо кунанд, номидааст. Обама гуфтааст, ёриҳое, ки мусалмонон дар ин моҳ ба дигарон мекунанд, Амрикоро аз он ӯҳдадорие, ки барои таъмини имконот барои мардумони тамоми гӯшаҳои дунё дорад, ёдрас мекунад.

Дар номаи худ президенти Амрико гуфтааст, дарки масъулияти бунёди як дунёи осоишта ва эмин берун аз ҳудуди Амрико буд, ки ба ҷанги Ироқ хотима бахшида истодаанд. Гуфтааст, аз ин рӯ, кӯшида истодаанд, то дар Афғонистону Покистон қудрати экстримистҳои вайронкорро маҳдуд намоянду, нерӯи мардумонро афзун кунанд. Гуфтааст, ҳамин аст, ки барои пайдо кардани созиш миёни Исроил ва Фаластин ба хотири таъмини ҳаёти осоишта дар ду давлати мустақил кӯмаки худро дареғ намедоранд. Гуфтааст, ҳамин аст, ки Амрико ба хотири дар тамоми ҷаҳон эҳтиром ёфтани ҳуқуқи инсонҳо барои озодии баён, озодии эътиқод, иштироки пурра дар ҳаёти ҷомеъа ва эътиқод ба волоияти қонун ҳамеша пофишорӣ хоҳад кард.

Барак Обама аз паёми баҳоронаи худ дар Қоҳира ёдовар шуд, ки оғози нав дар муносиботи Амрико ва ҷаҳони Ислом бояд дар заминаи кӯшишҳои бардавом барои шунидани ҳамдигар, омӯхтан аз ҳамдигар ва эҳтироми ҳамдигар арзи ҳастӣ намояд. Президент Обама навиштааст, наметавон дар як шаб вазъро тағйир дод, вале метавон самти навро пеш гирифт.

Номаи табрикотии худро президент Обама бо хайрамақдам гуфтани Рамазон ва орзуи саодат барои мусалмонони саросари ҷаҳон хотима додааст.
XS
SM
MD
LG