Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Алифбо" барои тоҷикони Қирғизистон


Интизор меравад, ки соли оянда синфҳои якуми мактабҳои тоҷикии Қирғизистон бо китоби «Алифбо»-и чопи Бишкек таъмин хоҳанд шуд.

Чопи ин китоб ва китобҳои дарсии дигар барои мактабҳои мухталифи Қирғизистонро нашриёти ғайридавлатии «Азур» бар ӯҳда гирифтааст. Гуфта мешавад, китобҳои таълифшуда дар асоси тендер барои чоп тавсия мешаванд. Чопи китоби «Алифбо»-и тоҷикӣ низ аз тариқи ин тендер сурат хоҳад гирифт.

Ҳурматхон Аҳмадалиева, аълочии маорифи Тоҷикистону Қирғизистон ва яке аз омӯзгорони синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи ба номи устод Айнӣ, воқеъ дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд, мегӯяд, масъалаи чопи китоби «Алифбо» ба масъалаи хеле ҷиддӣ табдил ёфт. Ба гуфтаи ӯ, як гурӯҳ равшанзамирони тоҷики муқими кишвараш тасмим гирифтанд, ки китоби «Алифбо» таълиф кунанд, то ҳар сол дар мавриди дастрасии ин китоб мушкилоташон рафъ гардад.

Ҳамсӯҳбати мо ҳамчунин гуфт, ин китоб бо истифода аз маводи «Алифбо»-ҳое таълиф хоҳад шуд, ки то ин замон дар Тоҷикистон ба нашр расидаанд. Ӯ илова намуд, ки қирғизҳову русҳо ва баъдан ӯзбакҳо китоби «Алифбо»-и худро чоп карда буданд ва зимни таълифи «Алифбо»-и тоҷикӣ онҳо таҷриба ва китоби алифбои қирғизиву русӣ ва ӯзбакиро низ мавриди истифода қарор доданианд.

Ба гуфтаи Ҳурматхон Аҳмадалиева, таълифи ин китобро бидуни истифодаи ашъори шоирони тоҷики муқими Қирғизистон низ тасаввур наметавон кард.

Баъди анҷоми таълифи китоби «Алифбо» барномаи таълимии он низ мавриди таҳия ва таълиф қарор дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек , ба деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо 15 нусхаӣ аз китобҳои дарсии синфи якум тақдим кард. Кумитаи иҷроияи созмони тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон «Пайванд» ду моҳ пеш ба Қирғизистон ду ҳазор нусха китобҳои бадеиву илмӣ ва дарсӣ фиристода буд ва ин китобҳо миёни мактабҳои тоҷикии деҳаҳои Учқӯрғон, Андарак, шаҳраки Ҳайдаркони витлояти Ботканд, ҳамчунин мактаби тоҷикии ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш тақсим карда шуд.

Дар Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир, се мактаби соф тоҷикӣ ва се мактаби омехтаи тоҷикиву қирғизӣ ва ӯзбакӣ фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG