Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоди ИМА аз бӯҳрон берун мешавад


Вазорати тиҷорати ИМА гузориши наве нашр кард, ки дар он ба болоравии талабот ба молу коло дар кишвар ишора шудааст. Тибқи ин гузориш, моҳи июл фурӯши манзилу мошин ва дигар мавод дар Амрико афзоиш ёфтааст, аз ҷумла, теъдоди манозили фурӯхташуда тақрибан 10 дар сад ва фурӯши компутару мошин 5 дар сад боло рафтааст.
Иттилоъ дар ин бора дар ҳоле пахш шуд, ки мақомоти ИМА аз коҳиши андаки сатҳи бекорӣ дар кишвар хабар доданд. Коршиносон афзоиши талабот ба молу коло ва коҳиши сатҳи бекориро чун нишонаҳои аз бӯҳрон беруншавии иқтисоди Амрико арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG