Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати боз ду сарбози амрикоӣ дар Афғонистон


Рӯзи чаҳоршанбе дар Афғонистон ду сарбози амрикоӣ кушта шуданд. Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалӣ, як низомӣ бар асари таркиш дар ҷануби Афғонистон ва дигарӣ дар як задухурд дар шарқи кишвар ба ҳалокат расиданд. Тафсилоти бештар дар ин бора то ҳол рӯи даст нест.
Моҳи август дар Афғонистон 43 низомии ИМА ҷон бохтанд. Як моҳ пеш дар ин кишвар 44 сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расида буданд, ки бузургтарин талафот аз оғози амалиёт алайҳи “Толибон” дар соли 2001 маҳсуб мешавад.
Рӯзи сешанбе дар Қандаҳор пурқурбонитарин ҳамлаи террористӣ дар соли равон ба вурӯъ пайваст, ки бар асари он 43 сокини осоишта кушта шуданд. Ин ҳамларо Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун маҳкум кард. Раҳбарони ҷунбиши “Толибон” изҳор намуданд, ки дар ин ҳамлаи террористӣ даст надоранд.
XS
SM
MD
LG