Пайвандҳои дастрасӣ

Дар зарфи якуним соли ахир дар беш аз 800 маврид пизишкони комиссияҳои даъват ба артиш аз худ бемасъулиятӣ нишон дода, бидуни муоинаи комил навҷавонони беморро қобили хизмати низомӣ эътироф кардаанд.

Додситонии ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа бо чунин иддао мегӯяд, агар дар соли 2008-ум зиёда аз 600 хидматчии низомӣ аз Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва Қушунҳои марзбонии кишвар, ки ба воҳидҳои низомӣ сарфарбар шудаанд, ғайри қобили хизмати ҳарбӣ эътироф гардидаанд, танҳо дар нимаи аввали соли равон беш аз 180 наваскар бинобар хурӯҷи бемории ба хизмати ҳарбӣ алоқаманд набуда, аз воҳидҳои низомӣ ба манозилашон гусел шудааст.

Абдуқодир Нуров, додситони ҳарбии минтақа, мегӯяд, дар соли 2008-ум аз сӯйи ин ниҳод дар 18 маврид ва дар соли 2009 дар 14 маврид алайҳи пизишкони узви комиссияҳои даъватӣ парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидааст. Аз ин миён, додгоҳи низомӣ дар 26 маврид пизишконро дар содир кардани ҷиноят муттаҳам дониста, ба онҳо ҷазоҳои ғайриҳабсӣ, аксаран корҳои ислоҳӣ ва ҷарима таъин кардааст. Дар миёни пизишконе, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, 4 нафарашон табибони бемориҳои рӯҳӣ будаанд.

Ба иддаои Маркази равонпизишкии вилояти Хатлон шумори пизишкони бемориҳои рӯҳии муҷозотшуда бештар аз 4 нафар аст. Алиҷон Назаров, раҳбари маркази мазкур, мегӯяд, дар бештари маврид пизишкон бо иттиҳоми сохтаи «бемасъулиятӣ» ва монеъ нашудан ба сафарбарии ҷавонон ба хидмати аскарӣ гунаҳкор шудаанд. Вай афзуд, пизишкон наметавонанд дар мӯҳлати панҷ дақиқаи муоина ё сӯҳбат бо даъватшаванда бемории вайро мушаххас кунанд, дақиқан бигӯянд, ки то куҷо «қафомонии ақлӣ» дар ҷавон мушоҳида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Комрони Қурбонзод, ҷавоне, ки соле пеш ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд, мегӯяд, ҳангоми аз муоинаи тиббӣ дар комиссиюни даъват гузаштан, шоҳиди ин ҳодиса шудааст, ки ҷавонеро, ки шунавоии заиф дошт, корманди комиссариати ҳарбӣ шаппотие зад, гӯё вай дурӯғ мегӯяд. Комрон ҳамчунин гуфт: «Ҳамчунин як ҷавони дигарро дидам, ки қади паст дошт ва вазнаш ҳам аз 50 кило кам буд. «Ту рӯзадорӣ, барои ҳамин вазнат кам» гуфта, вайро низ маҷбур масъулони комиссариати ҳарбӣ ба хизмат фиристоданд…»

Шералӣ Бузмаков, сардори идораи ҳифзи тандурустии Хатлон, мегӯяд, равонпизишконро додситонии низомӣ «барои кори ночиз суд карда истодааст». Яке аз сабабҳои аслии гурези пизишкони равоншинос аз кор дар маркази равонпизишкӣ ва беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ҳам ин будааст, ки онҳо намехоҳанд дар кори комиссияҳои даъват ба хидмати низомӣ ширкат варзанд. Ба иддаои оқои Бузмаков, то низоми вуҷуддошта дигаргун нашавад, мушкили норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ ҳал нахоҳад шуд. Яъне, ба гуфтаи ӯ, муҷозоти табибон барои иштибоҳ дар корашон бояд мисли даврони Шӯравии собиқ аз сӯйи комиссияи вижаи мақомоти нигаҳдории тандурустӣ таъин шавад.

Дар додситонии ҳарбии минтақа мегӯянд, дар ҳама маврид, ки алайҳи пизишкони бемориҳои рӯҳӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, гуноҳи онҳо дар додгоҳ собит гардида, ва ҷазои сазовор ҳам муқаррар шудааст. Дар додситонӣ гуфтанд, ки тартиб додани санад дар хусуси вазъи сиҳҳатии инсон ва ташхису хулосаи тиббӣ бояд орӣ аз иштибоҳ бошад ва барои як чунин иштибоҳи пизишк дар қонуни ҷиноӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Табиист, мегӯяд манбаъ, додситонӣ ҳамчун мақоми нозири иҷроиши қонунҳо ҳақ дорад ва муваззаф аст, ки ҳангоми ошкор кардани ҷиноёти аз ҷумла пизишкон парванда боз кунад.

Бо ин ҳол, феълан, ба ҷойи 50 воҳиди кори табибони бемориҳои рӯҳӣ дар вилояти Хатлон танҳо 16 пизишк кор мекунанд. Ҳақмузди миёнаи онҳо чизе беш аз 80 сомонӣ, муодили 18 доллари амрикоист ва ҳамин маоши нокофӣ ҳам яке аз сабабҳои камбуди пизишкони бемориҳои равонӣ хонда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG