Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз шумориши 17%-и раъйҳо Ҳомиди Карзай аз рақиби аслиаш доктор Абдулло, собиқ вазири умури хориҷӣ, 10 дарсад пешсаф аст.

Ҳамин тавр, Карзай аз 43 то 45 дарсад ва Абдулло аз 34 то 35 дарсади раъй мардумро касб кардаанд ва аммо барои пирузӣ дар даври якум яке аз номзадҳо бояд бештар аз 50 дарсади раъйҳоро ба даст орад.

Омори нави мақомот ҳамагӣ як рӯз баъд аз он эълон шуд, ки Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон нахустин натиҷаҳои ҷараёни интихоботро интишор кард.

Интизор меравад, натиҷаҳои муқаддамотӣ 3-юми сентябр ва натиҷаҳои ниҳоии расмӣ 17-уми сентябр эълон гарданд. Агар ҳеҷ як номзад аксарияти зарурии раъйҳоро ба даст наорад, пас миёни ду номзади пешсаф даври дувум баргузор хоҳад шуд.

Шореҳон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки агар даври дувуми интихобот лозим шавад, ин ба суботу пойдории Афғонистон латма мезанад. Ин шореҳон мегӯянд, раъйгирии такрорӣ ихтилофоти дохилии кишварро боз ҳам амиқтар мекунад.
XS
SM
MD
LG