Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тозаҳои матбуоти Тоҷикистон


Аксари нашрияҳои Тоҷикистон дар ин ҳафта номаи модари Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохиларо ба унвони Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Зариф Алиев ва фурӯши барқи Тоҷикистон ба Узбакистон бо қимати камтар аз фурӯши дохилиро, сармақолаи худ қарор додаанд.

«Пайкон», нашрияи ҷамъиятӣ ва сиёсии Тоҷикистон, зери суоли «Оё омбудсмен тақдири Ёқуб Салимовро тағйир медиҳад?», аз қавли таҳлилгарон менависад, ба ин мавзуъ борҳо таваҷҷӯҳи мақомоти сиёсии кишвар низ ҷалб шуда буд, аммо бо нигаронӣ аз он ки мабодо тағйири ҷойи боздошти Ёқуб Салимов боиси таъсиргузорӣ ба авзоъи сиёсӣ ва иқтимоӣ нашавад, мақомот хомӯшанд. Модари Ёқуб Салимов хостори мусоидати Омбудсмен барои аз боздоштгоҳи муваққат ба зиндон мунтақил кардани фарзандаш шуда буд.

«Фараж», нашрияи дигари чопи Душанбе, менависад, ин ниҳоди навтаъсис, яъне омбудсмени Тоҷикистон натанҳо дар ҳалли қазияи Ёқуб Салимов, балки дар бознигарии парвандаҳои бамаротиб осонтар ҳам ҳеҷ коре карда наметавонад.

«Азия-плюс», нашрияи русизабони чопи Душанбе, ба масъалаи фурӯши барқ ба Узбакистон пардохта, ва зери унвони «Мисле, ки ройгон» навишт, Тоҷикистон ба Узбакистон нируи барқро ба қиммати арзонтар аз қимате, ки барои шаҳрвандони худ муқаррар кардааст, мефурӯшанд. Тоҷикистон ба Узбакистон ба қимати 1,5 сент барқ мефурӯшад, дар ҳоле, ки қимати барқ барои худи масрафоти дохилӣ 1,6 сент арзиш дорад. Аммо мақомоти «Барқи Тоҷик» гуфтаанд, аз он ки нируи барзиёди тавлидшавандаи барқи Тоҷикистон дар фасли тобистон бар ҳадар меравад, беҳтар аст, ки бо ҳамин қимат ҳам фурӯхта шавад.

«Миллат», нашрияи дигари сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, дар сармақолаи худ навиштааст, чаро паҳлавони тоҷик шаҳрвандии Русия қабул кард? Ин нашрия менависад, ки Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин дар рақобатҳои ҷаҳонӣ барои дарёфти ҷоми фавқулодаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо, ки дар Ҳоланд ҷараён дорад, шарафи Тоҷикистонро ҳимоя нахоҳад кард. Зеро, ба гуфтаи устоди Расул Боқиев, баъди муваффақияти ӯ дар Пекин, дар Тоҷикистон заҳмати ӯ қадр нашудааст. Боқиев, феълан, дар Русия машғули тамрин аст ва қасд дорад шаҳрвандии Русияро пазируфта ва дар бозиҳои Лондон-2012 аз шарафи Русияро ҳимоят кунад. «Миллат» дар поёни матлаби худ суоле ба масъулини Тоҷикистон суол медиҳад, ки чаро ин қаҳрамони тоҷик ба Русия рафт ва шаҳрвандии Русияро пазируфт?
XS
SM
MD
LG