Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба Қандаҳорро маҳкум карданд


Созмони Милали Муттаҳид, бомбгузории хунин дар шаҳри Қандаҳори Афғонистонро, ки 43 кушта бар ҷой гузошт, башиддат маҳкум кард. Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо нашри баёнияе дар мавриди бомбгузориҳои рӯзи сешанбе дар Қандаҳор гуфт, ин амалкард бояд қотеъона маҳкум шавад ва ҷинояткорон бояд подоши аъмолашонро бигиранд. Дар баёнияи Шӯрои Амният омадааст, ҳеҷ ҳамлаи террористӣ нахоҳад тавонист, монеъи ҳаракати Афғонистон ба сӯи сулҳу суботу оромӣ ва эҳё шавад. Дар баёнияи алоҳидае, Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки аз бомбгузории хунин дар Қандаҳор “ваҳшатзада” шудааст.
XS
SM
MD
LG