Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишонаҳои нави ҳаракати иқтисоди ИМА


Ҳукумати Амрико гуфт, фурӯши хонаву мошин ва дигар ашё дар ин кишвар афзудааст, ки нишонае аз эҳёи иқтисоди дучори рукудшудаи Амрико хонда мешавад. Вазорати тиҷорати Амрико гуфт, моҳи июл фурӯши хонаҳои хусусӣ тақрибан 10 дар сад афзудааст, ки баландтарин нишондод дар даҳ моҳи ахир аст. Ба гуфтаи вазорати тиҷорати Амрико ҳамчунин бо истифода аз имтиёзоти мувақаттӣ, истеъмолкунандагони амрикоӣ харидории мошинҳои нав, компютер ва дигар молҳои мавриди ниёзи ҳамарӯзаро афзуданд. Мизони фурӯши ин молҳо дар моҳи июл панҷ дар сад афзоиш ёфтааст. Амрико дорои бузургтарин иқтисоди ҷаҳон аст.
XS
SM
MD
LG