Пайвандҳои дастрасӣ

Ибодӣ: Муҳокима "масхараи адолат" аст


Ширин Ибодӣ - барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел муҳокимаи дастаҷамъии бештар аз 100 нафар аз тазоҳургаронро маҳкум кард, ки дар шаҳри Теҳрон идома дорад. Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Ширин Ибодӣ ин муҳокимаро мухолиф ба қонунҳои Эрон ва “афсунгарӣ” ва “масхараи адолат” хонд. Дар додгоҳи рӯзи сешанбе 20 нафарро бо иттиҳомоти талош барои “инқилоби махмалӣ” ва тарҳрезии нооромиҳои пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июн муҳокима намуданд. Чанде аз муттаҳамон, аз ҷумла Сайид Ҳаҷҷориён яке аз сиёсатгузорони муҳими ислоҳталабони Эрон дар ин додгоҳ гӯё аз рафторашон ибрози пушаймонӣ кардаанд. Аммо Ширин Ибодӣ гуфт, “эътирофот” ва баёнияҳои боздоштшудагон, ки вакили дифоъ надоштанд, ҳеҷ арзиш надорад.
XS
SM
MD
LG