Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насиҳати Амрико ба Сурияву Ироқ


Давлати Амрико мегӯяд, умедвор аст, Ироқу Сурия моҷарои худро аз роҳи муколама рафъ хоҳанд кард. Ироқу Сурия рӯзи гузашта сафиронашонро ба кишварҳои худ фаро хонданд. Ироқ мегӯяд, ду тан аз тарҳрезони бомбгузориҳои хунини ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бағдод дар Сурия паноҳ мебаранд ва бояд ба Ироқ истирдод шаванд. Дар ин бомбгузориҳо 95 нафар ҳалок ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ян Келлӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, мубоҳисаи Ироқу Сурия кори дохилии ду кишвар аст, аммо гуфт ӯ беҳтарин роҳи расидагӣ ба мушкилот муколама мебошад.
XS
SM
MD
LG