Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон пулакӣ мешавад?


Бино ба навиштаи матбуоти Русияву Тоҷикистон, Маскаву Душанбе дар андешаи пайдо кардани роҳу шеваҳои нави ҳамкориҳои низомӣ уфтодаанд.

Ва як роҳи пешниҳодӣ, ки бино ба хабарҳо, зимни дидори ахири руъасои ин ду ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе матраҳ шудааст, пулакӣ кардани тартиби фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон будааст.
Ба Маскав хуш наомад, ки Душанбе барои пойгоҳи Русия пули иҷора мехоҳад, вале президент Медведев усулан розӣ шуд, ки дар ин бора метавон гуфтугӯ кард...

Коршиносони низомӣ худи матраҳ шудани масъалаи пулакӣ кардани пойгоҳи низомии Русия байни ин ду ба истилоҳ “шарики стротежӣ”-ро аломати бештар шудани таъкиди Тоҷикистон ба мустақилияташ арзёбӣ мекунанд. Аммо Душанбе мегӯяд, ин танҳо пешниҳод аст, ки феълан дар дасти баррасӣ қарор дорад ва ҳамкориҳои низомии ду кишвар ҳамчунон ба ҳамон шеваи пешин идома мекунанд.

Тоҷикистону Русия чаҳорчӯби нави ҳамкориҳои низомиро ҷустуҷӯ доранд, вале то таҳияи чунин чаҳорчӯби ҷадид равобити ду кишвар дар соҳоти низомӣ дар заминаи қарордодҳои пешин идома хоҳад ёфт.

Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба ин нукта таъкид кард, ки масъалаи пулакӣ кардани ҳузур ва фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон феълан дар марҳалаи омӯзиш ва баррасии ҷонибҳо қарор дорад ва қарордоде дар ин замина то ҳол имзо нашудааст.

Ахиран рӯзномаи “Коммерсант”, чопи Маскав, ва ба дунбол ҳафтавори “Азия Плюс” навиштанд, ки Душанбе дар поёни моҳи июл зимни боздиди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон масъалаи пулакӣ кардани пойгоҳи низомии Русия дар ин кишварро матраҳ карда ва Русия гӯё барои баррасии мавзӯъ усулан розӣ шудааст.

Имкони тағйири шароити фаъолияти ин пойгоҳи низомиро вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров низ ҳанӯз рӯзи 30 июл таъйид карда буд, вале бидуни овардани кадом ҷузъиёт.

Павел Фелгенгауэр
Коршиноси низомии рус Павел Фелгенгауэр мегӯяд, тақозои ахири Душанбе аломати дигари дар амри таъкид ба мустақилияти худ боз ҳам фаротар рафтани Тоҷикистон аст.

Вай мӯътақид аст, ки Душанбеву Маскав дар ниҳоят ба як муомилае, ки ҳарду тарафро қаноат бидиҳад, даст хоҳанд ёфт: “Байни Душанбеву Маскав тиҷорат рафта истодааст, ки оё кӣ ва чӣ қадар гузашт мекунад? Ва ин тиҷорат назар ба гузашта аз Русия бештар мустақил шудани Тоҷикистонро мунъакис мекунад. Аммо ин ду кишвар вобастагиҳои зиёде доранд, ки ҳар навъ эҳтимоли то ба муноқиша кашидани тиҷорат бар сари масъалаи пули иҷораи пойгоҳро истисно мекунад."

Коршинос Фелгенгауэр меафзояд: "Тоҷикистон ба аслиҳаи русӣ ниёз дорад, афсаронаш дар Русия таълим мегиранд, садҳо ҳазор муҳоҷираш дар ин ҷо кор мекунанд. Русия низ ба пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи муҳими таъмини амнияти Осиёи Марказӣ ҳисоб мекунад ва дар он кишвар иншооти дигари муҳиме, чун пойгоҳи назорати кайҳонии “Окно”-ро дорад. Ва аз ин рӯ ин ҳама раддубадалҳо дар байни раҳбарони ду кишвар маҳдуд мешавад ва ҳарду ҷониб мутмаинанд, ки ҳанӯз кор ба ҳадди муноқиша нокашида, як забони умумӣ хоҳанд ёфт. Ба Маскав хуш наомад, ки Душанбе барои пойгоҳи Русия пули иҷора мехоҳад, вале президент Медведев усулан розӣ шуд, ки дар ин бора метавон гуфтугӯ кард. Ва ҳоло ин тиҷоратро ба ҳамин минвол идома хоҳанд дод. “

Коршиноси низомии тоҷик Амруллоҳи Собир аммо баҳси пули иҷораи пойгоҳи низомии Русияро ба харитаи нави геополитикиву
Масъалаи тағйири шеваи ҳамкориҳои низомӣ дар сафари ахири президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон матраҳ шуд.
геонизомии Осиёи Марказӣ бастагӣ медиҳад ва мегӯяд, баъд аз солиёни яккатозии Русия дар ин майдон зуҳур кардани бози-гарони наве, ба мисли Чину Амрико ва Эрон, Душанберо дар муомилоташ бо Маскав, ҳатто дар соҳоти низомӣ чунин далер кардааст. Оқои Собир мегӯяд, Душанбе бояд аз чунин фурсати муносиб ба фоидаи худ истифода кунад.

Коршиносон мегӯянд, ки агар Тоҷикистон барои истифодаи қаламраваш аз пойгоҳи низомии Русия пули иҷора талаб кунад, ҷониби Русия низ метавонад ба навбаи худ силоҳу муҳимотеро, ки то кунун ба таври маҷҷонӣ дар ихтиёри артиши Тоҷикистон мегузошт, ва ҳам таҳсили низ то ҳол маҷҷонии афсарони тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Русияро пулакӣ кунад.

Таҳлилгари тоҷик Амруллоҳи Собир мегӯяд, артиши Тоҷикистон қариб 100 дарсад бо таслиҳоти сохти русӣ мусаллаҳ буда, кадрҳои низомиаш низ қариб саросар парвардаҳои макотиби ҳарбии Русияанд ва ҳам мулоҳизаи мақоми шарики стротежии Тоҷикистонро доштани Русия дар миён ҳаст, ки ин ҳама намегузоранд, то ки Тоҷикистон аз пойгоҳи низомии Русия пули зиёди иҷора талаб кунад. Масалан, маблағи муодили 74 миллион доллареро, ки Амрико розӣ шудааст, солона барои пойгоҳи ҳавоии Манас ба Қирғизистон бипардозад.

Ба эътиқоди ӯ, сухан шояд дар бораияк маблағи хеле камтари рамзӣ биравад. Ин коршиноси тоҷик меафзояд, агар Маскав таъмини артиши Тоҷикистон бо таслиҳоти русӣ ва ҳам тарбияи афсарони тоҷик дар макотиби низомии Русияро пулакӣ кунад, ин барои будҷаи низомии Тоҷикистон бори сахте хоҳад шуд.

Аммо таҳлилгари масоили низомии Русия Павел Фелгенгауэр мегӯяд, Русия ба кишварҳои муттаҳидаш, назири Тоҷикистону Арманистон, ба сурати маҷҷонӣ силоҳу муҳимоти хеле қадим ва умдатан сохти солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузаштаро тақдим мекард, ки аз лиҳози фаннӣ хеле кӯҳна буда, ҷавобгӯи тақозоҳои як артиши муосир нестанд.

Сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон Фаридун Муҳаммадалиев мегӯяд, тарбияи кадрҳои низомии тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Русия дар чаҳорчӯби Паймони амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад ва рабти мустақиме ба ҳамкориҳои дуҷонибаи низомии Тоҷикистону Русия надорад.

Оқои Муҳаммадалиев гуфт, як банди созишномаи дар чаҳорчӯби ин паймон имзошуда кӯмаки кишварҳои узв ба якдигар дар амри тарбияи кадрҳои низомиро тақозо мекунанд ва бо истифода аз ин, то кунун дар макотиби низомии Русия ҳудуди 1500 толибилм аз Тоҷикистон, бо шумули 250 афсар таълими ҳарбӣ гирифтаанд.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон соли 2004 дар заминаи лашкари 201-уми артиши Русия таъсис ёфта, шумори нерӯҳояшро зери 7000 рақам мезананд.

Ҷузвутомҳои ин пойгоҳи низомӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа мустақар шудаанд. Русия ҳамин тавр, дар минтақаи Канти Қирғизистон як пойгоҳи ҳавоӣ дорад ва акнун, бо вуҷуди мухолифати ошкори Тошканд, дар садади таъсиси пойгоҳи дуввумаш дар вилояти Ӯши Қирғизистон мебошад.
XS
SM
MD
LG