Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯгвории Обама ба даргузашти Эдвард Кеннедӣ


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба сабаби даргузашти Эдвард Кеннедӣ-сенатори Амрико сӯгворӣ фиристод. Эдвард Кеннедӣ баъд аз як соли мубориза бо бемории саратони мағзӣ дар сини 77-солагӣ даргузашт. Обама Кеннедиро "сенатори бузург дар марҳалаи кунунӣ" ва "шахсияти барҷаста" дар таърихи Амрико арзёбӣ кард:

"Қалбҳои саршор аз муҳаббату эҳтиром ва хотироти самимӣ, ки ҳар яки мо дорем, далели мавқеи ин шахсияти муътабар дар таърихи Амрикост. Ақидаҳову афкори вай дар қонунҳои зиёд мунъакис шудааст ва дар зиндагии миллионҳо нафар бозтоби худро ёфтааст".

Гордон Браун-нахуствазири Британия гуфтааст, дар ҳар қисмати сайёра ба сӯги Эдвард Кеннедӣ менишинанд. Кевин Руд-нахуствазири Австралия гуфт, Кеннедӣ барои таҳкими нақши Амрико дар ҷаҳон саҳми фавқулодда муҳим доштааст.
XS
SM
MD
LG