Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай пирӯзиашро тақвият медиҳад


Мақомоти интихоботии Афғонистон натиҷаҳои қисмати дигари интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро эълон карданд.
Онҳо мегӯянд, бо шумориши 17 дарсади оро Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунӣ мавқеи худро дар сафи пеши мубориза тақвият бахшидааст. Ҳоло вай бештар аз 10 дарсад аз наздиктарин рақиби худ Абдуллоҳ-вазири пешини умури хориҷа пештар қарор дорад. Аммо маълумоти хабаргузориҳо дар ин бора аз ҳам фарқ дорад. Ройтерз навиштааст Карзай 43 ва Абдуллоҳ 34 дарсад, вале Ассошиейтед Пресс навиштааст, Карзай 45 ва Абдуллоҳ 35 дарсад рай гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG