Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дучархаи меҳмононро дар Тоҷикистон дуздиданд


Дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон дучарха ё велосипеди яке аз ду варзишгари авруопиро рабудаанд. Рикард Салевик-шаҳрванди Шветсия ва Жан Федерик Гавин-шаҳрванди Фаронса қасд доштаанд масофаи 16 ҳазор километрро аз Осло то ба Пекин бо дучарха тай ва барои ҷавонони Тоҷикистон маблағи кӯмак ҷамъоварӣ кунанд. Баъд аз рабудани дучархаи яке аз онҳо марафон қатъ гардидааст, вале онҳо то он замон 17 ҳазор доллар ҷамъоварӣ кардаанд. Ин пулҳо ба коргоҳи дӯзандагӣ ва қаннодии ноҳияи Ваҳдат дода мешавад. Дучархаи онҳо 2 ҳазор евро арзиш доштааст.
XS
SM
MD
LG