Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико хостори қатъи бунёди маҳаллоти яҳудинишин аст


Имрӯз Бенямин Нетанёҳу-нахуствазири Исроил бо Ҷеорҷ Митчелл-фиристодаи боломақоми Амрико музокира анҷом дод.
Оқои Митчелл саъй мекунад музокироти сулҳи Исроилу Фаластин аз сар гирифта шавад. Дар бораи ҷузъиёти музокироти оқои Митчелл бо Нетанёҳу чизе гуфта намешавад, вале зоҳиран оқои Митчелл Нетанёҳуро водор мекунад, ки Исроил бунёди ҳар гуна маҳаллоти яҳудинишин дар каронаи Ғарбии рӯди Урдунро боздорад. Рӯзи панҷшанбе Нетанёҳу дар Олмон бо Ангела Меркел-нахуствазири ин кишвар мулоқот мекунад.
XS
SM
MD
LG