Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои хокбориш


Рӯзи дуввум аст, ки ҳавои шаҳри Душанбе ва минтақаи ҷануби Тоҷикистон шадидан ғуборолуда аст ва хокбориш идома дорад.

Хокбориш аз субҳи рӯзи 25 август оғоз шуда, тақрибан қисмати аслии Тоҷикистонро фаро гирифт. Аммо мавриди нигаронии ин ҳавои ғуборолуд пайомади он аст, ки аз ҳоло эҳсос мешавад.

Тамоми ашё ва мавҷуде, ки зери фазои боз аст, зери қабати ғафси чангу ғубор мондааст. Ҳатто дохили манзили сокинон пур аз чангу хок гашта, боиси нороҳатии мардум шудааст.

Муҳитшиносон пайомади нохуши ҳавои олударо ба дарахтони мевадор низ тахмин мезананд.

Ҳаво он қадар олуда аст, ки барои инсони солим нафаскашӣ мушкил гашта, мардуми гирифтор ба маризиҳои роҳҳои нафас, қалб ва шарёнҳо дар ҳоли сангин қарор гирифтаанд. Табибон тавсия медиҳанд, ки маризони ҳассос ба тағйироти ҳаво ва чунин ҳавои олуда аз манзил берун нашаванд ва ҳаддалимкон аз сафар ба ҷое худдорӣ кунанд.

Радиои «Озодӣ» дар робита наворе таҳия кардааст.

XS
SM
MD
LG