Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз яксолагии ду қаламави ҷудоихоҳи Гурҷистон аст


Абхозистон ва Асетияи Ҷанубӣ- ин ду қаламрави ҷудоихоҳи Гурҷистон имрӯз як солагии эътирофи онҳо аз тарафи Русияро ҷашн гирифтанд. Ин ду минтақа солгарди худро бо маросимҳои саргармкунанда, консертҳо ва оташакбозӣ баргузор карданд. Эдуард Кокойти-раҳбари Асетияи ҷудоихоҳ имрӯз дар Маскав бо Владимир Путин-нахуствазири Русия мулоқот мекунад. Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки як соли пеш тасмими кишвараш дар бораи эътирофи ин ду қаламрав "қонунӣ" буд. Ба ҷуз аз Русияву Никарагуа ин ду қаламраври ҷудоихоҳи Гурҷистонро кишвари дигаре ба расмият нашинохтааст.
XS
SM
MD
LG