Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари бонуфузи шиъаҳои Ироқ даргузашт


Абдулазиз ал Ҳаким-раҳбари яке аз гурӯҳҳои қаввии шиъаҳои Ироқ дар шифохонае дар Теҳрон-пойтахти Эрон даргузашт. Вай дар ин шифохона аз бемории саратони шуш муолиҷа мегирифт. Ҳаким 59 сол дошт ва то ҳол раҳбарии Шӯрои Олии Исломии Ироқро бар ӯҳда дошт. Хабаргузориҳо мегӯянд, даргузашти вай дар остонаи интихоботи сартосарии моҳи январ метавонад эътимоди сиёсиро камтар кунад. Шӯрои Олии Исломии Ироқ бахше аз эътилофи ҳокими шиъаҳои Ироқ аст, ки ҳизби "Дава"-и Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ низ ба он медарояд.
XS
SM
MD
LG