Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокира роҷеъ ба таъсиси маркази назорати мушакӣ


Генерал Николай Макаров-намояндаи боломақоми артиши Русия мегӯяд, ки музокирот барои иҷоди маркази муштараки назорати мушакии Русия-Амрико идома дорад. Макаров гуфт, ин марказ ба ҳар ду кишвар кӯмак хоҳад кард, то онҳо сакуҳои партоби мушакҳо ва соири хатҳоро дар сурати партоби ғайриқонунии мушак зери назар дошта бошанд. Маскав ва Вошингтон бар сари нақшаҳои иҷоди сипари дифоъи зидди мушакии Амрико дар Аврупои Марказӣ бо ҳам мухолифат доранд. Русия мегӯяд, ин нақшаҳои Амрико ба амнияти Русия таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG