Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳтиёт: Қаллобон меоянд


Мақомоти интизомии вилояти Хатлон бо таваҷҷӯҳ ба мизони афзояндаи ҷиноятҳои вобаста ба тақаллубкорӣ, аз сокинони маҳаллӣ даъват мекунанд, дар ҳама гуна тасмимгирӣ, доду гирифт ва дигар амалиёти пулӣ ҳушёртар бошанд.

Агар дар давоми соли 2008-ум дар қаламрави вилояти Хатлон 301 ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст, танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ наздик ба 300 чунин навъи ҷиноят содир шудааст.

Муртазо Раҳмонов, корманди масъули додситонии вилояти Хатлон, мегӯяд, афзоиши мавориди тақаллубкорӣ ва мардумфиребӣ боиси талаф ёфтани миллионҳо сомонӣ гаштааст. Вай аз С. А., як сокини ноҳияи Вахш мисол меорад, ки бо роҳи тақаллуб 149 сокини ҳамин ноҳияро фиреб дода, наздик ба як миллион доллари онҳоро аз худ кардааст. Ҳамин ахиран додгоҳ хонум А.-ро барои 12 сол маҳкум ба зиндон кардааст.

Корманди додситонии Хатлон мегӯяд, шумори афроде, ки қурбони фиреби тақаллубкорон мешаванд, ба садҳо нафар расида, асосан маблағи қарзӣ, манзили зист, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, зару зевар ва дороиҳои дигар предмети қаллобӣ қарор мегиранд.

Зудбоварии мардум, реша давондани коррупсия ва афзоиши эҳтиёҷ ба замин ҳам одамонро ё ба тақаллубкорӣ тела медиҳад, ё қурбони тақаллуб месозад. Азбаски, корхонаҳои саноатӣ кор намекунанд ва шумори афзуни шаҳрвандон бидуни шуғли муносиб ҳастанд, ба замин рӯ меоранд ва табиист, ҷиноёти вобаста ба замин афзудан дорад. Ҷомеашинос Сӯҳроб Таваров мегӯяд:
«Ҳоло дар зеҳни бисёре аз шаҳрвандон чунин андеша шакл гирифтааст, ки пул бошад, ҳама кор мешавад, яъне пул, ки диҳӣ ҳама хоҳишҳоят иҷро мешавад, пул ки надошта бошӣ, касе ба дардат намехӯрад. Аз ин баъзе мансабдорон истифода мекунанд. Махсусан имрӯзҳо, ки эҳтиёҷоти мардум ба замин ва манзил афзудааст, ба сабаби нодорӣ чандин хонавода дар як манзил зиндагӣ мекунанд, тиҷорати ҳуқуқи истифодаи замин як намуди паҳнгардидаи қаллобӣ шудааст. Пули мардумро мегиранд, аммо фиреб карда замин намедиҳанд. Ин гуна ҳодисаҳо ҳастанд…»

Дар робита ба ҳодисаи тақаллубкорию мардумфиребӣ имсол беш аз 150 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардида, 65 нафар бо ҳукми додгоҳҳои вилояти Хатлон равонаи зиндон шудаанд.
XS
SM
MD
LG