Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Амрико дефитсит ва ё касри 10-солаи буҷаи давлатиро пешбинӣ кард, ки эҳтимолан ба нақшаҳои ислоҳоти Обама дар соҳаи беҳдошт ва тағйири иқлим хатар эҷод хоҳад кард.

Кохи сафед мегӯяд, аз соли 2010 то 2019 касри буҷа беш аз 9 триллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод, ки ду триллион бештар аз тахминҳои қаблӣ мебошад.

Баъд аз як моҳи раёсатҷумҳуриаш дар моҳи феврали соли равон Обама тахмин зада буд, ки касри буҷа беш аз ҳафт триллион долларро ташкил хоҳад дод.

Раиси бахши идораи буҷаи Кохи сафед Питер Орзаг гуфт, ин рақам вазъи сангини ба Обама меросмондаро таъкид мекунад ва ба ҳамин хотир барои ба роҳи босуботи пойдории молӣ баргардондани миллат бояд қадамҳои ҷиддӣ бардошта шаванд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, агар маъмурияти президенти пешина Ҷорҷ Буш пешбиниҳои буҷаро риоя мекард, касри даҳсолаи буҷа панҷ триллион камтар мешуд.

Интизор меравад, афзоиши арқоми буҷаи давлатӣ баҳсҳои сиёсиро атрофи қарзи миллии бесобиқаи Амрикоро бештар мекунад. Ва ин дар ҳолест, ки мунақиддони Обама аз ҳизби ҷумҳурихоҳ даъват мекунанд, ки вай аз нақшаҳои бозсозии низоми беҳдошт ва мубориза бо тағйири иқлим даст кашад.

Бино ба баъзе тахминҳо барои амалӣ гардонидани ин нақшаҳо чандин триллион доллар зарур хоҳад шуд. Сарвари ҷумҳурихоҳони Маҷлиси намояндагон Ҷон Боерман гуфт, замоне расидааст, ки маъмурияти Обама ва демократҳои Конгресс, ки бо паёмадҳои хатарноки молӣ рӯ ба рӯ шудаанд, масирашонро тағйир диҳанд.

Кохи сафед ҳадс мезанад, дар соли 2010 иқтисоди Амрико ду фоиз рушд мекунад ва дар солҳои баъдӣ ин рушд идома ёфта, соли 2014 ба чаҳор дарсад мерасад.

Маъмурияти Обама мегӯяд, сатҳи бекорӣ дар кишвар соли оянда ба баландтарин нишондод, яъне 10 дарсад расида, рӯ ба поинравӣ мениҳад ва дафтари буҷаи конгресс тахмин мезанад, ки бо гузашти панҷ сол сатҳи бекорӣ ҳамагӣ 4,5 дарсадро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG