Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 40 куштаи таркиш


Таркиш дар як мошин дар шаҳри Қандаҳор дар шимоли Афғонистон ҳадди ақал 40 кушта бар ҷой гузошт.

Беш аз 60 нафари дигар бар асари ин таркиш ҷароҳат бардоштаанд. Таркиш дар маркази шаҳр рух дода, биноҳои наздикро фурӯ резондааст.

Ин таркиши маргбор ҳамагӣ пас аз чанд соати эъломи нахустин натиҷаҳои интихоботи раисҷумҳурӣ дар ин кишвар ба вуқӯъ пайваст. Қаблан бошад як бомби дигар ҷони як сарбози амрикоиро рабуда, соли 2009-ро марговартарин сол барои нерӯҳои беруна пас аз вурудашон ба Афғонистон дар соли 2001 кардааст. Як сарбози бритониёӣ, ки даҳ рӯзи қабл дар як таркиши дигар дар Ҳилманд маҷрӯҳ гардида буд, ахиран вафот кард.

Қандаҳори маргбор

Ҳанӯз касе масъулияти ҳамлаи ахирӣ дар Қандаҳорро бар дӯш нагирифтааст. Ин шаҳр маъмулан яке аз мавзеъҳои ҳузури васеъи Толибон маҳсуб мегардад. Дар соли ҷорӣ ин шаҳр барои нахустин бор нест, ки шоҳиди ҳамлаҳо мегардад.

Таркиши тозатарин дар назди дафтарҳои ҳукуматӣ дар Қандаҳор рух додааст. Дар ин мавзеъ ҳамчунин меҳмонхонаҳо ва биноҳои созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҷойгир мебошанд. Дафтари як ширкати сохтмонии ҷопонӣ низ тахриб дидааст.

Баъзе гузоришҳо мегӯянд, маводи тарканда дар чанд мошини сабукрав гузошта шуда буд, баъзеҳои дигар аз мошини боркаш исм мебаранд. Таркиш ба зудӣ пас аз ифтори шом рух додааст.

Муовини пулиси маҳаллӣ Муҳаммад Шершоҳ ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст: «Боз як бори дигар онҳо тифлонро куштанд, занонро куштанд, афғонҳои бегуноҳро куштанд. Онҳо инсон нестанд. Онҳо ҳайвонанд.»

Ҳамлаҳои интихоботӣ

Дар саросари кишвар дар пешорӯ ва рӯзи интихобот садҳо таркиш ба вуҷӯъ пайвастааст. Танҳо дар рӯзи интихобот, панҷшанбеи гузашта, беш аз 400 ҳамла рух дода будааст.

Шумори кушташудаҳо аз нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон бошад ба 295 нафар расидааст. Дар соли гузашта 294 афсару сарбоз аз нерӯҳои беруна кушта шуда буданд.

Сар аз моҳи май бо фармони Барак Обама беш аз 30.000 сарбози амрикоӣ ба ёрии нерӯҳои байнулмилалӣ ба Афғонистон оварда шуда буд ва шумори нерӯҳои байнулмилалиро то ба 100.000 нафар расонид.

Натиҷаҳои нахустини расмӣ

Пас аз шумориши 10 дарсади раъйҳо, раисиҷумҳур Ҳомид Карзай 40,6 ва рақиби асосии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ 38,7 дарсад раъй гирифтаанд.

Ин эълони Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон дар чаҳорчӯби қисм ба қисм эълон кардани натиҷаҳои раъйдиҳии 20-уми август садо дод. Қарор аст натиҷаҳои пешакӣ то рӯзи 3 ва ниҳоӣ то 17 сентябр эълон шаванд.

Сухангӯи ин кумиссиюн Довудалии Наҷафӣ гуфт, аз 524 444 раъйи боэътибор, Карзай 212 927 ва Абдуллоҳ 202 889 раъй гирифтаанд. Аз номзадҳои дигар Рамазони Башардӯст ва Ашраф Ғанӣ як шуморе аз раъйҳоро ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG