Пайвандҳои дастрасӣ

Литва мизбони боздоштгоҳи CIA?


Порлумони Литва ба таҳқиқи иддаъоҳо дар мавриди мавҷудияти як боздоштгоҳи махфии Хадамоти Истихборотии Амрико дар қаламрави ин кишвар мепардозад, ки гӯё дар он муттаҳамон ба узвият дар Ал-қоидаро нигаҳ медоштаанд. Далия Грубаускайте – раиси ҷумҳури Литва, гуфт, кумиссиёни махсуси порлумон ин таҳқиқотро анҷом хоҳад дод. Ҳафтае пеш телевизиони Эй Би Си – и Амрико гузориш дод, ки як таъсисоти махфӣ дар наздикии шаҳри Вилнюс, ки дар он ҳашт нафар муттаҳамро нигаҳ медоштанд, чаҳор соли пеш баста шудааст. Литва кишвари саввуми аврупоист, ки гуфта мешавад, ба Хадамоти Истихборотии Амрико иҷоза додааст, муттаҳамон ба тероризмро дар қаламраваш нигаҳ дорад. Нисбат ба Лаҳистону Руминия ҳам чунин иддаъо мешавад. Ҳар се кишвар ин иддаъоҳоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG