Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 30 нафар дар таркишҳои Қандаҳор


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари силсилаи бомбгузориҳо дар шаҳри Қандаҳор рӯзи сешанбе дасти кам 30 нафар кушта ва тақрибан 60 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи мақомот, чанд мошини бомбгузоришуда пас аз намози шом ва ҳангоми ифтори эътиқодмандон, ки дар моҳи Рамазон рӯза медоранд, пайиҳам мунфаҷир шуд. Таркишҳои қавӣ, дафтари як ширкати сохтмониро вайрон карда ва ба даҳҳо биноҳои наздики он осеб расонидааст. Шаҳри Қандаҳор аз такягоҳҳои аслии собиқи Толибон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG