Пайвандҳои дастрасӣ

Омори "баҳсбарангези" иқтисоди Амрико


Ҳукумати Амрико мегӯяд, дефитсит ва ё касри буҷаи давлатии ин кишвар дар муддати 10 соли оянда дар маҷмӯъ ба 9 триллион доллар хоҳад расид, ки назар ба пешбиниҳои қаблӣ 2 триллион доллар бештар аст. Иқтисоддонҳои Кохи Сафед ҳамчунин пешбинӣ кардаанд, ки қарзи хориҷии Иёлоти Муттаҳида, ки ҳоло 11 триллион долларро ташкил медиҳад, то соли 2019 ду баробар хоҳад афзуд. Эҳтимолан ин арқом мубоҳисоти сиёсии доғеро доир ба авзоъ ва сиёсати молӣ дар Амрико бармеангезад. Зоҳиран мухолифони Барак Обама аз ӯ хоҳанд хост, то барномаҳои серхарҷи ислоҳот дар арсаи тиббӣ ва муқобила бо тағйири иқлимро канор гузорад.
XS
SM
MD
LG