Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ - ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон, баъди ба расмият шинохта шуданашон аз тарафи Русия дар як соли пеш, имрӯз нахустин солгарди истиқлолияти худро таҷлил мекунанд. Эдуард Кокойтӣ - раҳбари Осетияи Ҷанубӣ, имрӯз дар шаҳри Маскав бо Владимир Путин – нахуствазири Русия мулоқот мекунад ва дар Абхозистон консерту дигар маросими ҷашнӣ баргузор мешавад. Русия ин ду минтақаи ҷудоихоҳро пас аз ҷанги кӯтоҳаш бо Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта ҳамчун кишварҳои мустақил эътироф кард. Аммо ба ҷуз аз Никарагуа дигар ҳеҷ кишваре ба Русия пайравӣ накардаанд.