Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари Толибон аз марги фармондеҳашон


Ҷангҷӯёни Толиб дар Афғонистон бори нахуст эътироф карданд, ки фармондеҳи худ Байтуллоҳ Маҳсудро талаф доданд. Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" ва Би Би Си мегӯянд, ки ин хабарро аз ду фармондеҳи дигари Толибон шунидаанд. Мақомоти Покистон ва Амрико мегуфтанд, ки Байтуллоҳ Маҳсуд рӯзи панҷуми август бар асари ҳамлаи мушакии ҳавопаймои амрикоӣ дар марзи Афғонистон кушта шудааст, вале Толибон ин хабарро то кунун рад мекарданд. Ҳакимуллоҳ Маҳсуд ва Валӣ Ур-Раҳмон ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтаанд, онгуна ки гузориш мешавад, дар байни Толибон парокандагӣ нест ва ҳоло Ҳакимуллоҳ Маҳсуд фармондеҳии Толибонро дар Покистон бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG